Нигина Амонкулова — Садоят кунам haqida to’liq ma’lumot oling

Нигина Амонкулова — Садоят кунам haqida to’liq ma’lumot oling

~~~~ припев | chorus ~~~
Оина бошам, ки садоят кунам,
Ғарқи сафо, ғарқи сафоят кунам. [3x]
~~~~~~

Раҳмдилам, варна ки мекуштамат,
Як нигаҳи умррабоят кунам. [2x]  
Гуфтаӣ, эй гавҳари тӯморбанд,
Нест баҳоят, ки баҳоят кунам.

Гуфтамат: овез маро дар дилат,
То ҳама дам дафъи балоят кунам.
припев | chorus
Ҷон наӣ, эй ҷон, ки бидуни дареғ
Аз қафаси сина раҳоят кунам.
Он чӣ, ки меоядам аз дасту дил
Боз дуъо, боз дуъоят кунам
припев| chorus

Раҳмдилам, варна ки мекуштамат,
Як нигаҳи умррабоят кунам. [2x]

Malumotlar
Нигина Амонкулова — Садоят кунам