Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик ӣ

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик ӣ

Китоб шиносномаи халқу миллат аст, донишмандон аз қадим китобро ба ситораи тобон ва нурҳои офтоб ташбеҳ доданд.

Muqaddas Kitob

KITOB . har kuni — bayramning birinchi kunidan oxirgi kunigacha Xudoning Tavrot kitobidan o‘qib berdi. Tavrotda talab qilinganiday, ular yetti kun bayramni nishonladilar, sakkizinchi kuni muqaddas yig‘in bo‘ldi.

Injil Uzbek tilidagi. Yangi Ahd

Tarjimalar

  • O’zbek tilida: Muqaddas Kitob
  • O’zbek tilida: Инжил
  • O’zbek tilida: Muqaddas-Kitob (2016)

Sharhlar

. ҳар куни — байрамнинг биринчи кунидан охирги кунигача Худонинг Таврот китобидан ўқиб берди.

. kunidan oxirgi kunigacha Xudoning Tavrot kitobidan o‘qib berdi.
Naximiyo 8:18

Ma’lumotlar

  • Мукаддас Китоб (web)
  • Kutubxona: Kitoblar, Audio, Video
  • Bolalar uchun Muqaddas Kitob
  • Download Injilning PDF, FB2, EPUB
  • Injil skachat – Audio mp3, Download (.zip 624mb)

Yaxshi audio kitoblarni yuklab oling uzbek tilidagi

Kitobook – Kitoblar, AudioKitoblar: Инжил ва Muqaddas Kitob ва Инжил Каракалпак

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ

Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд.

Эмомалӣ Раҳмон

Китоб дӯст, ҳамдам, ҳамнафас, ҳамроз, ҳамдил ва ҳамболи инсон аст. Китоб ҳам дору ва ҳам дармони ҳама дардҳои маънавии инсон аст. Китоб ганҷест, ки дар он ҳама маъниҳои дарки зиндагӣ нуҳуфтааст. Китоб ҳикматест, ки аз он ҳамагон баҳра мегиранду роҳи зиндагии худро муайян мекунанд. Китоб ойинаест, ки инсон тамоми камбудиҳои худро ислоҳ карда метавонад. Китоб хазинаест, ки тамаддуну маърифати миллати мо ва ҳама миллати сайёра дар оғӯшаш аст. Китоб муаллимест, ки аз ту чизеро пинҳон намекунад ва мӯниси туст дар танҳоӣ. Ба ҳама маълум аст, ки китоб барои мо дӯсти бовафо, маслиҳатгари беминнат, рафиқи беғараз, ҳамдаму ҳамсуҳбати беназир ва ниҳоят сарвати бебаҳост. Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст.

Таърихи пайдоиши китобро ба пайдошавии хат, забон ва санъат мансуб донистаанд. Баъди зуҳури хат одамони кадим имкон пайдо карданд, ки дар рӯйи санг, чӯб, сафол, барги дарахтон, устухонҳо, пӯсти ҳайвонот нақш офаранду нависанд. Имрӯзҳо ба ҷойи сангу чӯб аз коғазҳои сафеду замонавӣ васеъ истифода мебаранд.

Албатта, шахсе, ки китоб мехонад, сатҳи донишаш баланд гардида, нутқи шифоҳиаш буррою тоза мешавад. Тавре ки бе калид ба хонаи дарбастае ворид шудан мумкин нест, бе китоб низ ба боғи илму маърифат дохил натавон шуд.

Китоб ганҷи бебаҳо, махзани илму дониш, панду ҳикмат ва роҳнамову ҳамнишини беҳтарини инсон аст. Ҳар як фарде, ки китобхониро пеша мекунад, аз ӯ дар оянда ҳатман шахси некному фарҳангдӯст ва бомаданият ба воя мерасад. Маҳз китоб аст, ки ба мо расму оин ва анъаноти неки миллиамонро бозгӯ карда, имкон медиҳад, ки сатҳи дониши худро пайваста мукаммал гардонем.

Китоб падидаест, ки тавассути он инсон аз бадахлоқиву анҷоми корҳои зишт, муҳтоҷӣ ва ғаму дард озод мегардад. Халқи баруманди тоҷик аз шумораи он халқҳоест, ки ба китобу китобдорӣ эҳтиром ва эътиқоди хосса дорад. Бахусус, кулли бузургони тоҷик, амсоли Хайём, Сино, Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ маҳз тавассути мутолиаи китоб ба мақомҳои баландтарин расидаанд.

Китоб ба ҳайси маслиҳатгари беминнат ва беҳтарин ёвар қодир аст, ки ба инсон зиндагӣ, кору фаъолият ва донишу масъалаҳои нав ба навро омӯзонад. Нафаре, ки пайваста ба мутолиаи китоб машғул аст, мисоли дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳояш ҳар лаҳза ба дигарон неруву тавон мебахшад. Мутолиаи китоб ва ё асарҳои бадеӣ дар ҳаёту фаъолияти инсон ҷойи асосиро ишғол менамояд. Китоб нутқи инсонро рушд бахшида, барои сухандонию суханварӣ, дарки муҳити атроф ва зуҳуроти табиати олам хизмати босазо мекунад. Мутолиаи китоб ба инсон ҳаёти хушбахтонаро талқин мекунад, меҳру муҳаббатро ба атрофиён зиёд мегардонад, аз бадиву дурӯғ ва хиёнат нигоҳ дошта, дӯст доштани аҳли башар, меҳрубонӣ ва раҳмдилиро тарғиб менамояд.

Хушбахтона имрӯзҳо бо боварии комил метавон гуфт, ки робитаи кӯдакон, наврасону ҷавонон, мутахассисон, омӯзгорону олимон ба китобхонаҳо маҳкамтару қавитар шуда истодааст. Барои ба китобхониву китобхона ҷалб намудани хонандагон ва ба роҳ мондани тарғиби адабиёт дар байни онҳо, қабл аз ҳама, зарур аст, ки хусусиятҳои хосси синну солӣ ва вижагиҳои майлу рағбати ҳар як гурӯҳи хонандагон мавриди омӯзиш қарор дода шавад.

Имрӯзҳо дар саросари кишвар зимни сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷиҳати баланд бардоштани маърифати мардум, ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ, бедор намудани ҳисси худогоҳию хештаншиносӣ дар вуҷуди онҳо, дарёфти истеъдодҳои наву тоза, ба роҳ монда шудааст.

Лоиқов Н.М. – донишҷӯйи курси 4-уми ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ.

КИТОБ КАЛИДИ ДОНИШ ВА САРЧАШМАИ ЗИНДАГИИ РАНГИН

АНДЕША. Китоб манбаи дониш ва чароғи ақл, рӯшноии дил ва калиди дари ҳама кор бар оламу одам аст. Бе китоб дунёи мо тира ва ҷаҳон хира аст. Маърифати шахс аз китоб оғоз мегардад. Ҳама бузургони олам аз китоб хондан ба мартабаи аъло расидаанд. Боиси хирадмандист амри Пешвои миллат оид ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ . ” ба ҳама табақаҳои ҷомеа, ки сатҳи китобхонаҳо зиёд гарданд. Хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок варзанд ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор пешвоз гиранд.

Бе китоб эй дӯст бунёди мо норавшан аст.

Тираву торик ҳамчу хонаи бе равзан аст.

Китоб як рукни тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагии инсон аст. Чӣ тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: “Шахсе, ки ба китоб дил мебандад,, ҳаргиз намехоҳад аз китоб дур бошад, хастагиро аз худ мебарорад натанҳо дониш, балки вақти худро бо хушнудӣ мегузаронад”.

Дониш наҷотбахши роҳи инсон аст, касро дар роҳи рост, поквиҷдонию хирадмандӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия мекунад. Ин ганҷинаи донишро ба ҳар қимате бихарем арзон аст. Китоб шахсро ғизои маънавӣ мебахшад, китоби хуб дӯсти беҳтарини инсон аст.

Ёри бе заҳмату озор китоб асту китоб,

Ақли солими ҳар як инсон аз китоб манша мегирад.

Калиди дари соҳибҳунар аст китобхон, ҳар як китоб ба Шумо хоҳад гуфт, чи гуна бояд зист ва читавр хушбахт метавон бояд шуд.

Ҳар сол 4-уми сентябр рӯзи китоб бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Ҷаҳони мо ду неру дорад, тавонои равшанбахш китоб ва офтоб.

Китоб дар назди мардуми мо чунон қадру манзалате дорад, ки онро зери болини тифли навзод мегузоранд, бо ният ва умеде, ки дониш чароғи равшани дили ӯ ва дар гиру дори зиндагӣ ҷавшани танаш бошад ин анъанаи нек бояд идома ёбад ва ба наслҳои оянда дарси ибрат гардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти зеҳн, истеъдод ва рушди такомули тахаюлоти наврасону хонандагон ва омӯзгорон бедор кардани илмомӯзи ва маърифати худогоҳию худшиносӣ, фарҳангпарварӣ тарбияи насли ояндасози миллати тамадунофари тоҷик асолати миллии худро арҷгузорӣ кунанд. Ҳамагон ба бузургони даҳр пайравӣ ба пеш ҳаракат намоем, чи хуш гуфтааст, Абдулқосим Фирдавсӣ

Тавоно бувад ҳар, ки доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад,

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Китоб шиносномаи халқу миллат аст, донишмандон аз қадим китобро ба ситораи тобон ва нурҳои офтоб ташбеҳ доданд.

Китоб дӯсти безабони ҳар инсони китобдӯст аст, хушгуфтору хушсухан аст. Китоб тайёраест, ки бо он ҷаҳони ҷаҳолат ва ҷаҳони маърифат парвоз мекунем ва давр мезанем.

Касе, ки аз мутолиаи китоб даст мекашад монанди шиноварест, ки аз дасту по задан боз монд ва у ногузир ғарқ хоҳад шуд.

Китоб дилҳоро мунавар ва чеҳраҳоро нуронӣ месозад, хонандаи худро хушбахт мегардонад.

Гузаштагони мо китобро “ҷавшани ҷон”,, “чароғи раҳнамо” “аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ” хондаанд. Муҳаббат ва арҷгузорӣ ва эътиқод доштан ба андарзҳои китоб маърифати бузург аст, китобхону китобдӯст бошед.

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

Qiziqarli malumotlar
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик ӣ